logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Хушунати оилавӣ. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати модаре, ки духтари хурдсолашро латукӯб кард

Модар бо мақсади гирифтани қасос ва додани азоби руҳӣ ба шавҳараш духтари хурдсолашро дар шаҳри Хуҷанд дар дохили автомашинаи мусофиркашонӣ латукӯб мекунад.

Your tj

15:3902.05.2023

Хушунати оилавӣ. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати модаре, ки духтари хурдсолашро латукӯб кард

Нисбати як сокини ноҳияи Данғара барои латукӯби духтараки хурдсолаш парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин бора сомонаи маркази матбуотии Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ Шоева Холиса Абдуллоевна, сокини ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон соли 2020 бо Алиев Сайфиддин Эргашбоевич, сокини шаҳри Гулистони вилояти Суғд оила барпо намудаааст. Онҳо аз зиндагонии якҷоя соҳиби як фарзанд Шоҳзода Ёсуман Абдулло санаи таваллудаш 1 сентябри соли 2021 гардидаанд.

25 апрели соли 2023 байни  Алиев С. ва Шоева Х.А. муноқишаи оилавӣ сар мезанад. Ин боиси ғазаби Шоева X. мегардад.

"Ӯ бо мақсади гирифтани қасос ва додани азоби руҳии Алиев С. аз хона баромада, Шохзода Ёсуман Абдуллои хурдсолро дар шаҳри Хуҷанд дар дохили автомашинаи мусофиркашонӣ мавриди латукӯб қарор медиҳад. Ин ҳолатро бо воситаи телефони мобилиаш ба навор гирифта ба барномаи месенҷерии “Ватсап”-и Алиев С. ирсол мекунад”,- хабар медиҳад манбаъ.

Алиев С. пас аз тамошо навори мазкурро дар расонаҳои иҷтимоӣ «Фейсбук», «Радиои озодӣ», «Парвиз ТВ» ва дигар расонаҳо паҳн кардааст.

Прокурори ноҳияи Данғара нисбати Шоева Х.А. бо моддаи 174 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст ва тафтишот идома дорад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

17 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

3 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ