logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Худкушии ду духтари 17-сола дар Панҷакент

Духтарони сокини як деҳа он рӯз дастони ҳамдигарро баста, худро аз болои пул ба дарё партофтаанд.

Your tj

17:0719.09.2023

Худкушии ду духтари 17-сола дар Панҷакент

Мақомот ҳолати худкушии ду духтари ҷавон, ки навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, тасдиқ карданд. Дар наворе, ки ба камераҳои назоратӣ афтодааст, дида мешавад, ки духтарон дастонашонро бо ҳам баста, худро аз болои пул ба дарё мепартоянд.

Дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» гуфтааст, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаи худкушии ду духтари 17-сола дар Панҷакентро таҳқиқ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, ҷасади духтарони ҷавон, ки дар соли дуюми Коллеҷи омӯзгории Панҷакент таҳсил мекарданд, рӯзи 17 сентябр соати 13:00 аз дарёи Зарафшон пайдо шудааст.

«Маълумоти пешакӣ нишон медиҳад, ки духтарони сокини як деҳа он рӯз дастони ҳамдигарро баста, худро аз болои пул ба дарё партофтаанд», - қайд мекунад Раёсат.

Ҳуввияти онҳо аллакай муайян шудааст, вале Вазорати корҳои дохилӣ онҳоро ифшо накардааст. “Насабу номи падари духтарон гуногун аст ва ин нишон медиҳад, ки онҳо хоҳарон нестанд, чуноне ки баъзе расонаҳо навиштаанд”,- гуфтаанд дар ВКД.

Дар ҳоли ҳозир мақомоти дахлдор ин ҳодисаро таҳқиқ ва сабабҳои даст ба худкушӣ задани онҳоро муайян мекунанд.

Қобили зикр аст, ки навори ба дарё ҷаҳидани духтарон дар интернет паҳн шуда, дар ҷомеа вокуниши гуногун ба миён овард.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 228 мавриди худкушӣ ва сӯиқасд ба худкушӣ сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (218 ҳолат) 10 маврид бештар аст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

20 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ