Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 08:4022.07.2022
Дар Русия ҳолатҳои сироятёбӣ ба намуди нави коронавирус – «кентавр»-ро тасдиқ карданд. Ба Тоҷикистон омадан ё наомадани онро вақт муайян мекунад. Ҳоло дар кишвари мо ҳолатҳои нави сирояти коронавирус расман ба қайд гирифта нашудаанд. Аз ин рӯ муайян намудани он ки кадом намуди коронавирус дар Тоҷикистон ҳаст имкон надорад, чун дар мо лабораторияҳои зарурӣ мавҷуд нестанд.
Имрӯз мо дар бораи он мегӯем, ки чаро штамми нав "кентавр" ном гирифтааст, аломатҳои он чӣ гуна аст ва чӣ чораҳои эҳтиётӣ бояд андешида шаванд.
Он бори аввал дар Ҳиндустон моҳи майи соли 2022 муайян карда шуд. Аз он вақт инҷониб, ин вариант ҳадди аққал дар даҳ кишвар, аз ҷумла ИМА, Бритониёи Кабир, Олмон ва Канада сироят ёфтааст.
“Кентавр" гибриди ду зерварианти дигари омикрони мутатсия шуда мебошад. Иммунолог ва номзади илмҳои тиббии Русия Николай Крючков гуфт, ки чунин номро як корбари интернет дар Твиттер ба ин навъи коронавирус гузоштааст. Кадоме аз коршиносон инро дар интернет дида, ба ин навъи коронавирус чунин номро додааст.
"Кентавр", BA.2.75, аз Ҳиндустон, он суръатноктар аз BA.5 аст. Дар Африкаи Ҷанубӣ ҳоло навъи коронавируси BA.6 пайдо шудааст. Штаммҳои BA.4 ва BA.5 25% тезтар паҳн мешаванд. Коршиносони рус онҳоро аз ҷиҳати суръати паҳншавӣ бо бемории сурхакон муқоиса мекунанд: онҳо гузарандатар ҳастанд. Ҳангоми варианти коронавируси Вуҳанӣ, як бемор аз 2 то 3, делта - аз шаш то ҳашт ва штами кунунии коронавирус бошад аз 14 то 16 нафарро метавонад сироят кунад. Шахси бемории сурхакон дошта метавонад аз 12 то 14 нафарро сироят кунонад. Аз ин рӯ ин навъи коронавирус гузарандатар аз бемории сурхакон аст.
Ба гуфтаи олимони ҷопонӣ, ки мунтазам бо мушҳо таҷриба гузаронида аз он ба ҷаҳониён хабар медиҳанд, штаммҳои нави коронавирус бештар патогенӣ буда, ба роҳҳои болоӣ ва поёнии нафас таъсир мерасонанд.
Вазъи штаммҳои нав ноумедкунанда аст: онҳо ба навъи Делта наздик шуданд, Омикрон сабуктар буд ва асосан ба роҳҳои болоии нафаскашӣ таъсир мерасонад.
Беморон боз аз гум шудани ҳисси бӯйиш шикоят мекунанд. Дар омикрон ин нишона қариб, ки ба назар намерасид. Хусусияти асосии фарқкунандаи "Кентавр" арақ кардани шабона аст. Ба гуфтаи олимони рус, маълумоти пурра дар бораи ин навъи коронавирус, на дертар аз якуним моҳ ҷамъоварӣ карда мешавад.
Табибон то ҳол тавсияҳои дигаре ба ҷуз аз пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва истифодаи антисептикҳо надодаанд. Инчунин, ҳар шаш моҳ як маротиба реваксинатсия гузаронед. Гарчанде ки зергурӯҳҳои нав метавонанд аз системаи маснуният канорагирӣ кунанд, хатари сироят дар одамони эм кардашуда камтар мебошад.
1160 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад