logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Хабари хуш. Русия парвозҳои мунтазамро бо Тоҷикистон аз 1 апрел барқарор мекунад

Your tj

19:3525.03.2021

Хабари хуш. Русия парвозҳои мунтазамро бо Тоҷикистон аз 1 апрел барқарор мекунад

Русия аз 1 апрел парвозҳои мунтазамро бо Тоҷикистон пас аз танаффуси яксола барқарор мекунад. Ҷониби Тоҷикистон то ҳол ин иттилоъро тасдиқ накардаанд.

Бино ба иттилоии хабаргузории РИА Новости Русия парвозҳои мунтазамро аз 1–уми апрел бо Тоҷикисто, Ӯзбекистон, Олмон, Венесуэла, Сурия ва Шри-Ланка барқарор мекунад.

Гуфта мешавад, ин хабарро муовини нахуствазири Русия Татяна Голикова пас аз ҷаласаи Ситоди фаврии мубориза бо паҳншавии коронавирус ба рӯзномагирон расонидааст.

“Дар асоси натиҷаҳои муҳокима, бо назардошти вазъи эпидемиологӣ дар кишварҳои алоҳида ва мувофиқа бо сарвазир Михаил Мишустин оид ба барқарорсозии парвозҳои мустақим аз 1-уми апрели соли ҷорӣ бо кишварҳоиВенесуэла ( Москва-Каракас ҳафтае ду маротиба), Сурия (Москва-Димишқ ҳафтае як маротиба), Тоҷикистон (Москва-Душанбе ҳафтае як маротиба), Ӯзбекистон (Москва-Тошканд ҳафтае як маротиба) ва Шри-Ланка (Москва-Коломбо ҳафтае як маротиба) қарор қабул карда шуд”, - гуфта мешавад дар ин сомонаи хабарӣ.

Ёдовар мешавем, ки парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Русия миёнаи моҳи март баста шуда буд. Ҷонибҳо барои таҳвили шаҳрвандони худ танҳо аз парвозҳои чартерӣ истифода мекунанд, ки нархи чиптаҳо хеле арзиши баланд доранд.

Дар бораи барқарор шудани парвозҳо то ҳол ҷониби Тоҷикистон иттилои расмие пахш накардааст.

Чанде пеш муттахассиони Роспотребнадзор барои мубодилаи таҷриба бо ҳамкасбони тоҷики худ ба Душанбе омада буданд.  Коршиносон ҳадс мезаданд, ки пас аз омӯзиш ва мусбат баҳогузорӣ шудани вазъи эпидемиологии кишвар аз ҷониби ин муттахассисон мумкин аст парвозҳои мунтазам байни кишварҳо барқарор шавад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine

16 часов назад

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

5 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

5 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

17 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ