logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Гусели "1700 ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ" аз вилояти Суғд

Дар даъвати баҳорӣ беш аз 2180 нафар ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят “ихтиёран барои адои хизмат” худро комиссариатҳои ҳарбӣ номнавис кардаанд.

Your tj

16:5104.04.2025

Гусели "1700 ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ" аз вилояти Суғд

Дар вилояти Суғд гурӯҳи аввали даъватшавандагонро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд. Маросими гусели наваскарон 4-уми апрел бо иштироки Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбари ин вилоят баргузор гардид.

Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод.

Гуфта мешавад, дар даъвати баҳорӣ беш аз 2180 нафар ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят “ихтиёран барои адои хизмат” худро комиссариатҳои ҳарбӣ номнавис кардаанд.

Дар аввалин навбати гусел 1700 нафари онҳо ба хизмати ҳарбӣ фиристода шудаанд.

Манбаъ менависад, дар рӯзи нахустини даъвати баҳорӣ ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва як қатор ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳо нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд.

Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел оғоз гардид.

Дар рӯзи аввали даъват нахустин шуда Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Сангвор,  Лахш, Тоҷикобод,  Нуробод, Рашт ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз иҷрои нақша хабар доданд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

2 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

2 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

14 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

17 дня назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

18 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ