Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 13:0619.03.2024
Субҳи 21 март, соати 04:00 дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе гулхани наврӯзӣ фурӯзон шуда, маросими суманакпазӣ доир мегардад.
Соати 06:00 корвони наврӯзӣ аз чор дарвозаи пойтахт ворид шуда, ба сокинону меҳмонон муждаи наврӯзӣ мерасонад, хабар дод ба АМИТ “Ховар” Нуралӣ Шоҳиён, сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе.
Гуфта мешавад, ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ дар пойтахт як силсила барномаҳои бошукуҳи наврӯзӣ доир мегарданд. Бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мешаванд.
Ҳамчунин дар тантанаҳои наврӯзӣ намоиши асарҳои рассомон, молҳои дастии ҳунармандон, аз қабили косибӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, чӯбтарошӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳо баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи ҳисоби астрономӣ имсол Наврӯз 20 март, соати 03:06-и вақти ҷаҳонӣ баробар ба соати 08:06:21 вақти маҳаллӣ фаро мерасад.
Читайте также
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
2 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
2 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
14 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
17 дня назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
18 дня назад