logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Филми мустанади “Шоҳи қуллаҳо” дар Остонаи Қазоқистон ҷоиза гирифт

Your tj

11:0827.04.2026

Филми мустанади “Шоҳи қуллаҳо” дар Остонаи Қазоқистон ҷоиза гирифт

Филми мустанади «Шоҳи қуллаҳо», ки дар ҳамкории Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Кумитаи телевизион ва радио таҳия шудааст, дар фестивали байналмилалии «Astana Eco Film Festival 2026» сазовори ҷоизаи Best Impact Storytelling Award гардид.

Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ доданд, ин филм дар коргардонии Усмон Юсуфов таҳия шуда, ба масъалаҳои ҳифзи табиати Тоҷикистон, аз ҷумла ҳифзи бабри барфӣ ва гуногунии биологӣ бахшида шудааст.

Ба арзёбии ҳайати доварон, филми мазкур бо мазмуни баланд, паёми қавии экологӣ ва сифати касбии наворгирӣ фарқ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилалии синамои экологии «Astana Eco Film Festival»  чорабинии байналмилалии синамоӣ буда, 22-23 апрели соли 2026 дар доираи Ҳамоиши минтақавии экологӣ дар кинотеатри «Chaplin Mega Silk Way»-и шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардид. Ҳадафи фестивал тавассути санъати синамо ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти глобалии экологӣ ва ҳифзи табиат мебошад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

20 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ