Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 11:4415.04.2026
Федератсияи футболи Тоҷикистон расман тасдиқ кард, ки мутахассиси 58-солаи сербистонӣ Горан Стеванович аз вазифаи сармураббии тими миллии кишвар канор рафтааст.
Ба иттилои ФФТ, сабаби қатъи ҳамкорӣ ба анҷом расидани муҳлати шартномаи сармураббӣ рабт дорад. Дар бархе расонаҳо қаблан гуфта мешуд, ки ҷонибҳо дар мавриди тамдиди шартнома ба созиш нарасидаанд. Ин ниҳод субҳи 15-уми апрел эълон кард, ки дар ояндаи наздик маълумот дар бораи сармураббии нави тими миллӣ пешниҳод мегардад.
Горан Стеванович тирамоҳи соли 2025 ба ҳайси сармураббии тими миллии Тоҷикистон таъйин шуда буд. Таҳти роҳбарии ӯ даста чор бозӣ анҷом дод, ки дар се бозӣ пирӯз шуда, як бозиро мусовӣ анҷом дод. Бо ин натиҷа даста соли оянда ба Ҷоми Осиё -2027 меравад.
Ин мутахассиси сербистонӣ таҷрибаи кор дар сатҳи байналмилалӣ дорад ва дар гузашта сармураббии тими миллии Гана низ будааст.
ФФТ ба Стеванович барои саҳмаш дар рушди дастаи миллӣ изҳори сипос намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбиҳо таманно кардааст.
Комментарии (0)
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
33 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад