Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 09:4201.07.2023
Яке аз гунаҳкорони рабуда шудани муовини аввали роҳбари "Ориёнбонк" Шуҳрат Исматуллоев дар фурудгоҳи Кишинёв ҳангоми ҳаракати убури сарҳади давлатии Ҷумҳурии Молдова ярадор ва дастгир шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Рустам Ашурови 43-сола яке аз аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ будааст, ки дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев даст дошт. Ӯ баъди содир намудани ин ҷиноят тавассути Ҷумҳурии Туркия бо мақсади ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо фирор намудан ба Ҷумҳурии Молдова парвоз намудааст.
"Дар рафти убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Молдова ва ҳаракати дастгир намудани ӯ, номбурда таппончаи яке аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи фурудгоҳи шаҳри Кишинёвро гирифта, ду нафари онҳоро ба қатл ва якчанд нафари дигарро гаравгон гирифтааст"-, гуфта мешавад дар хабар.
Рустам Ашуров ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ярадор ва дастгир шудааст.
Манбаъ мегӯяд, тафтишот аз рӯйи парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали роҳбари ҶСК «Ориёнбонк» шаби 23-юми июн соати 22:10 дар кўчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе аз ҷониби гурўҳи муташаккили ҷиноятӣ рабуда шудааст.
Мақомот вобаста ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ кушода, ҷустуҷӯйи густурдаи шахси рабудашуда ва гурӯҳи ҷинояткоронро оғоз карданд.
Бо гузашти қариб 10 рӯз аз Шуҳрат Исматуллоев дараке пайдо накардаанд. Дар бораи аъзоёни дигари гурӯҳи ҷиноятӣ низ маълумот дода намешавад.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад