Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:0705.07.2023
Дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду кӯдак ғарқ шудаанд. Ҳодиса шоми дирӯз, 4-уми июл, дар дарёи Вамар ба амал омадааст. Ҷасади кӯдакон то ҳол ёфт нашудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
“Ҳангоми бозии футбол тӯб ба дарёи Вамар афтод. Як сокини 14-солаи маҳаллӣ ва як сокини 12-солаи шаҳри Хуҷанд, ки ба аёдати хешовандонаш ба Рӯшон рафта буданд, хостанд онро бигиранд, вале дар дарё ғарқ шуданд”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.
Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар ВМКБ барои ҷустуҷӯ ба ҷойи ҳодиса рафтаанд, вале ҷустуҷӯҳо то ба ҳол натиҷа надоданд.
Субҳи имрӯз ҷустуҷӯ аз сар гирифта шудааст.
КҲФ бори дигар аз аҳолӣ хостааст, ки кӯдакону наврасонро дар назди об беназорат нагузоранд.
Бояд гуфт, ки бо фарорасии тобистон ҳодисаи ғарқшавӣ дар кӯлу обамборҳои кишвар бештар мешавад. Аксаран кӯдакон ҳангоми оббозӣ ғарқ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки духтари 15-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд шоми 3 июл ҳангоми оббозӣ дар ҷойи манъшуда дар Сирдарё ғарқ шуда буд.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
32 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад