Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 11:1925.12.2025
Дар задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ду афсари тоҷик кушта ва ду сарбоз захмӣ шудаанд.
Ба навиштаи Радиои Озодӣ, ҳодиса баъди нисфирӯзии 24 декабр дар наздикии деҳаи Қавоқ рух додааст. Манбаъҳо мегӯянд, яке аз афсарони кушташуда Зиребон Наврӯзбеков, 33-сола, зодаи ноҳияи Шуғнон буда, бо шаш тир ба ҳалокат расидааст ва ҷасадаш пас аз ташхис ба зодгоҳаш интиқол ёфтааст.
Ба гуфтаи манбаъҳои мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб, ҷасади афсари дигар Исматулло Қурбонови 28-сола, зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ ба ҷуқурии тақрибан 200 метр афтида, барои берун овардани он гурӯҳи наҷотбахшон сафарбар шудаанд. Ҳарду афсар дар қисми марзбонии «Саричашма» адои хизмат мекардаанд.
Манбаъҳо ҳамчунин хабар медиҳанд, ки ду сарбози захмӣ ба бемористон интиқол дода шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳодиса замоне рух додааст, ки марзбонҳо ҳангоми дидани қочоқбарон фармони муҳосира додаанд ва аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳ ҳамла сурат гирифтааст.
Манбаъҳои ҷудогона ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, аз ҷониби муқобил се қочоқбари мусаллаҳ кушта шуда, аз онҳо силоҳҳои оташфишон мусодира гардидааст. Ҳувияти онҳо ҳанӯз маълум нест.
Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр марз дорад. Дар моҳи охир аз хоки Афғонистон ба ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Дарвоз ду ҳамла сурат гирифта, дар пайи онҳо коргарони чинӣ кушта ва захмӣ шуданд. Мақомоти Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро маҳкум кардаанд.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
19 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад