logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Даъвои 8 ҳазор сомонӣ қарз дар ҷанозаи як сокини Данғара

Мақомот нисбати марди 62-солае, ки даъвои 8 ҳазор сомонӣ қарздории ҳамдеҳаи марҳумашро кардааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудаанд.

Your tj

11:4704.12.2025

Даъвои 8 ҳазор сомонӣ қарз дар ҷанозаи як сокини Данғара

Нисбати як сокини 62-солаи ноҳияи Данғара, ки ба иттилои ВКД, дар ҷанозаи ҳамдеҳааш талаб намудааст, ки “марҳум аз ӯ 8 ҳазор сомонӣ қарздор будааст”, парвандаи ҷиноятӣ боз карданд.

Манбаъ менависад, ин ҳодиса рӯзи 20-уми октябр дар маросими ҷанозаи сокини 72-солаи ноҳия рух додааст. Писари марҳум, марди 40-сола, ба милитсия муроҷиат карда гуфтааст, ки ин шахс овозаҳои бардурӯғ паҳн намуда, сари роҳи тобут истода маблағро талаб кардааст.

Бо моддаи 250 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ (Тамаъҷӯӣ) нисбати марди 62-сола парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Барои ин амал аз 5 то 10 соли зиндон пешбинӣ мегардад.

Назари гумонбар ба ин қазия дастрас нест.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

4 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

4 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

16 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

19 дня назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ