logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Давлатманд Холовро дар Лучоб ба хок месупоранд

Ҷанозаи марҳум, имрӯз, 19-уми феврал дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Your tj

11:1919.02.2024

Давлатманд Холовро дар Лучоб ба хок месупоранд

Давлатманд Холов – овозхон ва фалаксарои овозадори тоҷик дар синни 74-солагӣ шаби гузашта, 18-уми феврал аз олам даргузашт. Ӯ вақтҳои охир бемор буд ва дар Русия табобат мегирифт.

Маросими ҷанозаи Давлатманд Холов имрӯз дар Масҷиди марказии Тоҷикистон (масҷиди назди Донишкадаи исломӣ, қариби чойхонаи "Роҳат") баргузор шуда, ба иттилои аз Вазорати фарҳанг дастрасгардида, ӯро дар оромгоҳи Лучоб ба хок месупоранд.

Давлатманд Холов соҳиби унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Ордени “Шараф” дараҷаи I, Ордени “Дӯстӣ” ва Ордени дараҷаи олии сарояндагӣ ва навозандагии Фаронса буд.

Ӯ 26 октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод дар оилаи ҳунарманди суннатии тоҷик ба дунё омадааст.

Соли 1958 таҳсилро аз мактаби деҳа оғоз намуда, соли 1963 дар мактаб-интернати ба номи А. Деҳотии шаҳри Кӯлоб ва соли 1964 дар интернати давлатии “Коммунизм”-и деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) идома медиҳад.

Соли 1971 ба шуъбаи мусиқӣ ва суруди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил мешавад. Баъди хатми он ба Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб ба кор меояд.

20 июли соли 1989 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб, таҳти сарварии ҳунарманди варзида Давлатманди Хол ансамбли давлатии “Фалак” таъсис ёфт.

Аз соли 2004 бо таъсис ёфтани ансамбли давлатии “Фалак”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари бадеии он кор кардааст. Ҳунарманд, инчунин ба ҳайси омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов кор кардааст.

Дар тӯли фаъолияти эҷодияш ӯ қариб ба 100 кишвари ҷаҳон беш аз 150 сафари ҳунарӣ анҷом дода, санъати миллиро муаррифӣ кардааст.

Аҳли кормандони Your.tj аз даргузашти ҳунарманди нотакрор андӯҳгин буда, ба аҳли оилаи марҳум ва тамоми дӯстдорони санъати миллӣ ҳамдардӣ баён мекунанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

19 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ