Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 11:1019.11.2024
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 100% иҷро гардид.
Нақша рӯзи 16-уми ноябр дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат пеш аз мӯҳлат ва дар сатҳи зарурӣ сад фоиз иҷро гардид, хабар медиҳад Вазорати мудофиаи кишвар.
Вале гуфта мешавад, барои баррасии муроҷиати шаҳрвандон фаъолияти комиссияҳои даъватӣ то охири моҳи ноябр идома меёбад.
Тибқи иттилои Вазорати мудофиа имсол шумораи шаҳрвандони ихтиёрӣ барои адои хизмати ҳарбӣ зиёд буд.
“Бештари довталабони хизмати ҳарбиро ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, фарзандони шахсони мансабдор ва хатмкардагони Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиа, ки асосан мутахассисони касбу соҳаҳои гуногунро барои Қувваҳои Мусаллаҳ омода менамояд, ташкил медиҳанд”, - иттлоъ медиҳад манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон соле ду маротиба даъвати ҷавонписарони аз 18 то 27 сола барои адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои муссалаҳ баргузор мегардад.
Читайте также
Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine
16 часов назад
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
5 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
5 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
17 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
20 дня назад