Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 18:4626.03.2022
Ҳунарпешаи театру синамои тоҷик Раҷаб Ҳусейнов, ки дар чандин намоишномаҳои театрӣ ва филмҳои дохиливу хориҷӣ нақшофарӣ кардааст, дар синни 80-солагӣ, дар шаҳри Санкт-Петербург даргузашт, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.
Чанде аз ҳамкоронаш рӯзи 26-уми март дар бораи марги ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, вале иллаташро нагуфтанд.
Раҷаб Ҳусейнов Донишкадаи ба номи Островскийи шаҳри Тошкандро хатм карда, дар театри Лоҳутӣ ва Маяковскийи шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Ӯ унвони ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро дошт.
Раҷаб Ҳусейнов тақрибан дар шаст намоишнома, аз ҷумла “Гамлет”, “Шаби гирифтани моҳ”, “Сарбозони инқилоб” ва “Шаби охирини Суқрот”, нақш бозидааст.
Ҳунараш дар кино бештар зуҳур кардааст. Дар “Тоҷикфилм”, киностудияҳои Маскав, Узбекистон, Минск, Афғонистон аз истеъдодаш зиёд баҳра бурдаанд.
"Қиссаи зиндони Павиак”, “Чор дарвеш”, “Ситораи Улуғбек”, “Субҳи Ганг”, “Гаравгонон”, “Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар” аз ҷумлаи филмҳое ҳастанд, ки ҳунарманд дар онҳо нақшҳои гуногунро офаридааст.
Читайте также
Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine
8 часов назад
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
5 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
5 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
17 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
20 дня назад