logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар ВМКБ тарма пеши роҳи дарёи Ғундро бастааст

Ин сабаби кам шудани ҳаҷми об дар нерӯгоҳи барқи обии “”Помир-1” ва эҳтимол аст маҳдудияти барқ ҷорӣ гардад.

Your tj

14:2517.02.2023

Дар ВМКБ тарма пеши роҳи дарёи Ғундро бастааст

Боришоти беисти барфу борон сабаби фаромадани тармаи калонҳаҷм дар ҳудуди деҳаи Вужи ноҳияи Шуғнони ВМКБ шуд. Дар натиҷа ин тарма маҷрои рӯдхонаи Ғундро бастааст.

Дар ин бора дафтари матбуотии ВМКБ хабар медиҳад.

“Ин омил ба тадриҷан кам гардидани ҳаҷми об дар нерӯгоҳи барқи обии “”Помир-1” оварда мерасонад ва дар сурати зарурат маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ карда мешавад”, - таъкид кардааст манбаъ.

Гуфта мешавад баъди ба эътидол омадани вазъ маҳдудият бардошта хоҳад шуд.

Маъмурияти ВМКБ аз сокинони вилоят хоҳиш кардааст, ки дар чунин ҳолатҳо ба таҳлука наафтанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

2 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

2 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

14 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

17 дня назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

18 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ