Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 13:2213.06.2023
Сокини 65-солаи шаҳри Турсунзода аз тарафи кормандони милитсия боздошт шудааст. Ӯ дар куштани домодаш гумонбар мешавад, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.
“Мард ба барқасдона расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг шуд, гумонбар дониста мешавад. Муноқиша байни мардон шоми 10 июн рух дода, домоди 51-сола ба хонаи гумонбаршуда меояд, то ки ҳамсарашро ба хона баргардонад”, - хабар медиҳад манбаъ.
Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол, домод нисбат ҳамсар ва хусураш суханҳои қабеҳ гуфта, онҳоро дашному ҳақорат медиҳад.
“Аз ин кори домод хусураш ба ғазаб омада, бо каланд ба сари домодаш зарба мезанад, - зикр мешавад дар хабар. - Дар натиҷа домод ҷароҳати ҷиддӣ бардошта, дар бемористон ҳалок шудааст. Тафтишот идома дорад”.
Дар бораи сабаби рух додани муноқиша байни хусуру домод ва чаро дар хонаи падараш қарор доштани ҳамсари мард хабар дода нашудааст.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
33 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад