logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Тоҷикистон рӯзҳои охири ҳафта ҳаво сард шуда, барфу борон меборад

КҲФ аз сокинон даъват кардааст, ки қоидаҳои истифодаи дастгоҳҳои гармидиҳиро риоя карда, аз сайругашт дар маконҳои хавфнок худдорӣ кунанд.

Your tj

15:2117.01.2025

Дар Тоҷикистон рӯзҳои охири ҳафта ҳаво сард шуда, барфу борон меборад

Дар Тоҷикистон давоми чанд рӯзи оянда ҳавои номусоид ва бориши шадиди барфу борон дар назар аст.

Аз 17 то 20-уми январ эҳтимоли пастшавии ногаҳонии ҳарорати ҳаво ва фаромадани тормеғ дар минтақаҳо ва шаҳри Душанбе вуҷуд хабар дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар.

Агентии обуҳавошиносии кишвар мегӯяд, ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои кӯҳии Суғду Хатлон ва ноҳяиҳои тобеи марказ то -10º, дар ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе то -2º сард шуда, дар баъзе минтақаҳои ВМКБ аз -13º то -42º сард пешгӯӣ мешавад.

Дар робита ба ин, шаҳрвандонро аз хатари сангрезӣ, яхбандӣ ва фаромадани тарма дар шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Рашт-Лахш, Нуробод-Сангвор ва Душанбе-Хоруғ ҳушдор додааст.

КҲФ аз сокинон даъват кардааст, ки қоидаҳои истифодаи дастгоҳҳои гармидиҳиро риоя карда, аз сайругашт дар маконҳои хавфнок худдорӣ кунанд.

Ба ронандагон таъкид карда шудааст, ки чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз карда, пеш аз сафар ҳолати техникии нақлиёти худро бисанҷанд ва дар доруқуттии худ доруҳои заруриро дошта бошанд.

Аз сокинони ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ даъват карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд намуда, аз иҷрои корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар минтақаҳои кӯҳистон худдорӣ кунанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine

8 часов назад

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

5 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

5 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

17 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ