logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Тоҷикистон "лимит"-и барқ пурра бекор карда шуд

Роҳбарияти ширкати “Барқи тоҷик” ин тасмимро дар пайи беҳтар шудани шароити обу ҳаво ва афзоиши ҳаҷми об дар рӯдхонаи Вахш қабул намудааст.

Your tj

13:3311.04.2025

Дар Тоҷикистон "лимит"-и барқ пурра бекор карда шуд

Аз имрӯз, 11-уми апрел, маҳдудият ё “лимит”-и интиқоли нерӯи барқ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон пурра бардошта шуд.

Акнун сокинон шабонарӯз бо барқ таъмин мешаванд. Дар ин бора Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, роҳбарияти ширкати “Барқи тоҷик” ин тасмимро дар пайи беҳтар шудани шароити обу ҳаво ва афзоиши ҳаҷми об дар рӯдхонаи Вахш қабул намудааст.

Маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон расман аз 22-уми сентябри соли 2024 ҷорӣ шуда буд. Масъулон он замон сабаби ҷорӣ шудани “лимит”-ро кам шудани захираи об дар обанбори нерӯгоҳи Норак, афзоиши талаботи аҳолӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим арзёбӣ карда буданд.

Ҳар сол аз тирамоҳ то нимаи аввали фасли баҳор дар Тоҷикистон, махсусан дар минтақаҳои деҳот маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, шуруъ аз 1-уми апрел дар кишвар нархи истифодаи тарифҳои нерӯи барқ гарон шуд.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 2-юми апрел тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятиро қабул кард, ки дар асоси он барои истифодаи ғайриқонунии барқ ҷазои вазнинтар муқаррар гардид.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

32 минут назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

21 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ