logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Тоҷикистон эмгузаронӣ зидди вируси папилломаи одам оғоз меёбад

Пас аз ворид гардидани пурраи ваксинаи зидди ВПО ба тақвими миллии эмгузаронӣ, духтарони синни аз 11 то 14-сола низ фаро гирифта хоҳанд шуд.

Your tj

16:3924.09.2025

Дар Тоҷикистон эмгузаронӣ зидди вируси папилломаи одам оғоз меёбад

Дар Тоҷикистон аз 1 то 31 октябр маъракаи эмгузаронӣ бар зидди ВПО (вируси папилломаи одам) баргузор мешавад. Дар марҳалаи аввал эмгузаронӣ миёни духтарони 10-сола гузаронида мешавад.

Баъдан, пас аз ворид гардидани пурраи ваксинаи зидди ВПО ба тақвими миллии эмгузаронӣ, духтарони синни аз 11 то 14-сола низ фаро гирифта хоҳанд шуд.

Вазорати тандурустӣ нақша дорад ваксинаи зидди ВПО-ро дар давоми соли ҷорӣ ва соли оянда ба тақвими миллӣ ворид намояд.

Муттахассисон шарҳ медиҳанд, ки маҳз дар ҳамин синну сол ваксина самараноктар буда, посухи қавии масуниятиро шакл медиҳад.

Маърака бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2025 тасдиқ шудааст. Вазорати тандурустӣ таъкид мекунад, ки барои омодагӣ ба эмгузаронӣ чорабиниҳои омӯзишӣ барои табибон ва кормандони соҳаи маориф, инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ гузаронида мешаванд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

35 минут назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

21 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ