logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Тоҷикистон ҷазо барои “шантаж”-и онлайнӣ ё “интиқоми порнографӣ” чӣ гуна аст?

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, дар қонунгузории кишвар, инчунин мафҳум ё истилоҳи “интиқоми порнографӣ” мутаассифона вуҷуд надорад.

Your tj

15:0406.12.2025

Дар Тоҷикистон ҷазо барои “шантаж”-и онлайнӣ ё “интиқоми порнографӣ” чӣ гуна аст?

Агар зӯроварӣ тариқи интернет рух диҳад, қонун “кор намекунад”? Қонунгузории Тоҷикистон таҳдид ё шантаж ва интиқоми порнографиро чӣ гуна муайян мекунад?

Дар нашри навбатии силсилаи махсуси подкастҳои мо, ки ба 16 рӯзи амал зидди зӯроварии гендерӣ бахшида шудааст, мо бо ҳуқуқшинос Хуршед Қурбоншоев дар бораи бехатарӣ дар фазои онлайн суҳбат кардем.

Ҳуқуқшинос шарҳ дод, ки таҳдидҳои онлайнӣ аз рӯи шакл ва таркиби ҷиноятӣ ба якчанд гурӯҳ ҷудо мешаванд.

“Асосан таҳдидҳои онлайнӣ ҳамаи таҳдидҳое ҳастанд, ки вобаста ба паст задани обрӯву эътибор, тамъҷӯӣ, ба тарсу ҳарос афкандани ин ё он шахс мебошад. Дар қонунгузории Тоҷикистон мафҳуми “таҳдиди онлайнӣ” вуҷуд надошта бошад ҳам, онро метавон аз рӯи банди кирдорҳои ҷиноятии шахсе, ки ба ҳамин амал даст мезанад, муайян карда, ба ҷавобгарӣ кашид”,- афзуд Қурбоншоев.

Ба гуфтаи ӯ, дар қонунгузории кишвар, инчунин мафҳум ё истилоҳи “интиқоми порнографӣ” мутаассифона вуҷуд надорад. Ин мафҳумро инчунин ҳамчун “паҳн кардани маводи маҳрамона” ё “интиқомҷӯӣ бо роҳи паҳн кардани маводи маҳрамона” маънидод кардан мумкин аст.

“Махсусан дар Кодекси ҷиноятӣ моддаҳои алоҳида ҳастанд. Масалан, тибқи моддаи 250 шахсро барои тамаъҷӯӣ ё ба истилоҳи дигар “шантаж” ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин аст”,- мисол овард ҳамсуҳбати мо.

Шакли пурраи подкастро дар ин ҷо тамошо кунед:

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

20 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ