logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Тоҷикистон ҷашни "Тиргон" низ таҷлил мешавад

Тиргон яке аз ҷашнҳои қадимии мавсимист, ки дар миёни мардуми тоҷик бо риояи расму ойинҳои хос таҷлил мешуд ва чанд рӯз давом меёфт.

Your tj

15:2911.02.2025

Дар Тоҷикистон ҷашни "Тиргон" низ таҷлил мешавад

Имрӯз, 11-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон иловаи воридгардида ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”-ро имзо кард, ки тибқи он акнун ҳар сол 1-уми июл Иди Тиргон ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин бора Хадамоти матбуоти президент хабар дод.

Тиргон яке аз ҷашнҳои қадимии мавсимист, ки дар миёни мардуми тоҷик бо риояи расму ойинҳои хос таҷлил мешуд ва чанд рӯз давом меёфт.

Рӯзи 30-юми январ дар ҷаласаи охири Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкур баррасӣ шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, ҳамчунин қонун “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ”-ро, ки тибқи он ҳамаи намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз манъ карда мешавад, имзо кард.

Президенти Тоҷикистон дар паёми худ ба парлумон, 28 декабри соли 2024 ҷорӣ кардани мораторий ба фаъолияти соҳибкоронро эълон карда буд.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба қонунҳо “Дар бораи истеҳсолоти органикӣ”, “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ” ва ба Кодекси андоз  имзо кард.

Гуфта мешавад, матни пурраи қонунҳо дар матбуот нашр мешавад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine

8 часов назад

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

5 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

5 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

17 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ