Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 13:1610.04.2026
Дар вилояти Суғд барои дастгирии занони соҳибкору ҳунарманд аз номи раиси вилоят грантҳои молиявӣ ҷудо мегарданд. Дар маҷмуъ, 80 зан метавонанд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ кумаки бебозгашт дарёфт намоянд.
Тавре Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд хабар медиҳад, барои татбиқи ин иқдом аз буҷети вилоят 560 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Грантҳо ба заноне равона мешаванд, ки лоиҳаҳои онҳо ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии занон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунанд. Аз ҷумла, сухан дар бораи рушди ҳунарҳои мардумӣ ва фаъолияти истеҳсолӣ, ба мисли бофандагӣ, дӯзандагӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, рассомӣ ва дигар самтҳо меравад.
Тибқи иттилоъ, грантҳо ба таври зерин тақсим мешаванд:
20 грант — 10 ҳазор сомонӣ;
20 грант — 8 ҳазор сомонӣ;
40 грант — 5 ҳазор сомонӣ.
Қабули лоиҳаҳо аз 10 апрел оғоз шуда, то 10 июни соли 2026 идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки гранти раиси вилояти Суғд аз соли 2010 амал карда, ҳамасола барои дастгирии занони ҳунарманд ҷудо мешавад. Соли гузашта 60 нафар зан соҳиби ин грант гардида буданд.
152 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
19 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад