logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар шаш моҳ аз Тоҷикистон қариб 90 ҳазор зан муҳоҷир шудаанд

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта муҳоҷирати занони Тоҷикистон беш аз 32 ҳазор нафар афзудааст.

Your tj

14:0609.08.2023

Дар шаш моҳ аз Тоҷикистон қариб 90 ҳазор зан муҳоҷир шудаанд

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 89 ҳазору 493 зан ба муҳоҷират рафтаанд. Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ гуфт, бештари занҳо ба хотири якҷо будан бо шавҳаронашон мераванд, ки солҳост дар Русия қарор доранд.

“Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, ки 57 ҳазору 451 зан ба муҳоҷират рафта буд, ин рақам хело афзоиш ёфтааст", - гуфт ӯ.

Қурбонзода зикр намуд, ки ҳолатҳое ҳаст, занон баъди интизориҳои тӯлонии шавҳаронашон, ки дар Русия кор мекунанд, ба мушкилот дучор мешаванд.

“Агар мардони ба муҳоҷират рафта, ҳадди имкон дар шаш моҳ як маротиба ба хотири зану фарзандва падару модар биёянд, фикр мекунанд, ки раванди муҳоҷиршавии занҳо коҳиш меёбад”, - гуфт раиси кумита.

Омили дигари рӯ овардани занони тоҷик ба муҳоҷират ҷустуҷӯи кор аз ҷониби модарони танҳо будааст.

Қурбонзода таъкид намуд, ки дар ҷумҳурӣ ҷойҳои корӣ ҳаст, вале маоши қаноатбахш надорад, ки ин омил онҳоро водор месозад ба муҳоҷират рӯ биёранд.

Ба таъкиди ӯ кумита дархости занони корҷӯй ва ҳунармандро омӯхта ба онҳо кӯмак мекунад.

Кумита дар ин давра ба 6 нафар барои ба роҳ мондани фаъолияти дӯзандагӣ мошинаҳои дузандагие, ки аз шарикони рушд ба даст овардааст, кӯмак кардааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

32 минут назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

21 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ