Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:2903.05.2023
Шоми 2-юми май дар деҳаи Холматови ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бино ба маълумоти пешакӣ, бар асари заҳролудшавӣ аз ғизо чаҳор нафар ба ҳалокат расидаанд.
Тавре дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда иттилоъ медиҳад, 9 узви ду хонавода бар асари таом заҳролуд шуданд.
“Чор нафар ба ҳалокат расида, 5 нафари дигар дар ҳолати вазнин дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи ноҳиявӣ қарор доранд. Ҳодиса таҳқиқ мешавад”,- хабар медиҳад КҲФ.
Тафсилоти дигар дар хабари КҲФ оварда нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи апрел дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент ду кӯдаки 9 ва 12-сола бар асари хӯрдани консерваҳои сабзавот ҷон бохтанд. Ҳарду кӯдак аъзои як оила буданд. Модари 52-солаи онҳо ва кӯдаки сеюми 13-солаи ин хонавода дар ҳолати вазнин бистарӣ шудаанд. Баъдан модари хонавода низ дар беморхона даргузашт.
Ин хонавода аз консерваҳои помидор заҳролуд шудааст, аммо гуфта нашудааст, ки он дар шароити хона омода шудааст ё аз мағоза харидорӣ шудааст.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
1 часов назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
22 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад