logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Шаҳристон 4 кӯдак аз як оила аз дуди ангишт заҳролуд шуда 2 нафари онҳо фавтиданд

Кӯдакони фавтида яке 6-сола ва дуюмӣ 13-сола буда, як писари 14-сола ва духтари 10-солаи ин хонадон дар ҳоли вазнин дар бемористон бистарианд.

Your tj

16:2518.12.2024

Дар Шаҳристон 4 кӯдак аз як оила аз дуди ангишт заҳролуд шуда 2 нафари онҳо фавтиданд

Чор кӯдак аз як оила дар ноҳияи Шаҳристон аз дуди ангишт заҳролуд шуда, ду нафари онҳо ба ҳалокат расиданд. Ду кӯдаки дигар дар ҳоли вазнин қарор доранд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Ҳодиса шаби 17-уми декабр дар маҳаллаи Себзори ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон рух дод.

Ба иттилои КҲФ, кӯдакон аз дуди ангишт заҳролуд шуданд ва аз ҳуш рафтаанд.

“Фаврӣ ба бемористон интиқол дода шуданд. Муаассифона бар асари расидани зарари бештар ва заҳролудӣ бо дуди ангишт ду нафари онҳо  ҷони худро аз даст доданд”,- менависад ин ниҳод.

Кӯдакони фавтида яке 6-сола ва дуюмӣ 13-сола буданд.

Дар айни замон як писари 14-сола ва духтари 10-солаи ин хонадон дар ҳоли вазнин дар бемористон бистарианд, хабар медиҳад КҲФ.

Бо омадани фасли сармо ва ҷорӣ шудани «лимит»-и барқ дар Тоҷикистон аҳолии ноҳия ва деҳаҳо аз сӯзишворӣ ва усулҳои гуногуни гармкунии хонаҳо истифода мебаранд.

Баъзан ин ба фоҷиа, аз ҷумла сӯхтор ва заҳролудшавӣ оварда мерасонад. Соли гузашта низ чандин ҳолати фоҷиабори сӯхтор ва заҳролудшавӣ рух дода буд, ки бар асари он даҳҳо нафар, аз ҷумла кӯдакон ҷони худро аз даст доданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифода аз ангишт барои гарм кардани хонаҳо дар фасли сармо эҳтиёт кунанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine

16 часов назад

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

5 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

5 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

17 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ