Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дар пайи қатъи барқ: дар баъзе кӯчаҳои пойтахт ду рӯз чароғакҳои роҳнамо кор намекунанд
Дата публикации: 13:5307.03.2025
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ронандагонро огоҳ мекунад, ки дар чанде аз кӯчаҳои пойтахт рӯзҳои 8 ва 9-уми март чароғакҳои роҳнамо кор намекунанд.
Сабаби инро Раёсат ба корҳои таъмир ва бозсозии хати интиқоли барқ рабт додааст.
Ҳамин тариқ, ба иттилои манбаъ, 8 ва 9-уми март дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои И.Сомонӣ, Л.Шералӣ, М.Турсунзода, Ф.Ниёзӣ, Некрасов, Бохтар, Ойгул, М.Холов ва Пушкин чароғакҳои роҳнамо кор намекунанд.
Ин ниҳод аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намуда, ба тамбашавии воситаҳои нақлиёт роҳ надиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Душанбе аз қатъи дар рӯзҳои 8 ва 9-уми март, аз соати 08:00 то 17:00 дар як қисми кӯчаҳои ноҳияи И.Сомонӣ бо сабаби корҳои таъмирӣ ва профилактикӣ хабар дода буд.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад