logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар наздикии Душанбе як бесарнишин ба замин афтодааст

Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Your tj

18:0003.12.2024

Дар наздикии Душанбе як бесарнишин ба замин афтодааст

Дар шаҳраки Шарораи Ҳисор, дар панҷкилометрии шаҳри Душанбе як паҳпод (дрон)-и калонҳаҷм, ки бештар ба ҳавопаймоҳои бесарнишини низомӣ шабоҳат дорад, афтодааст.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, ҳодиса рӯзи 3-юми декабр дар кӯчаи ба номи Карим Девонаи шаҳраки Шарора, дар наздикии минтақаи аҳолинишин, рух додааст.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, "ягон кас ва ягон хона зарар надид".

Ба нақли онҳо, ҳавопаймо ба симчӯби барқ бархӯрда, ба замин задааст.

Дар наворҳо дида мешавад, ки алангаи оташ дар ҷойи ҳодиса намоён аст.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)


Маъмурони полису низомиён гирди ҷойи ҳодисаро ҳалқа гирифтаанд.

Нозирони роҳ дар шаҳраки Шарораи Ҳисор тасдиқ кардаанд, ки "дар фосилаи тақрибан 1 ё 2 километр як паҳпод суқут кардааст ва онро бор мекунанд".

Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

4 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

4 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

16 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

19 дня назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ