Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 11:2603.08.2023
Тибқи як тағйирот ба қонуни маориф дар мактабҳои Тоҷикистон мехоҳанд истифодаи планшету телефон, ноутбук ва ҳатто интернетро иҷоза диҳанд. Дар ин бора Раҳим Саидзода Вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ таъкид кард.
Ӯ гуфт, дар доираи амалишавии ин лоиҳа ба Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” тағйирот ворид карда мешавад.
“Тибқи он хонандагон имкон пайдо менамоянд, ки ҳангоми дар муассисаи таълимӣ будан аз воситаҳои техникӣ васеъ истифода баранд”,- афзуд Саидзода.
Ба гуфтаи ӯ ин тасмим дар асоси таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ амалӣ шуда, ба хонандагон имкон медиҳад, ки барои дарёфти мавзуи зарурӣ ҳар лаҳза аз дилхоҳ техника истифода намоянд.
“Дар ин замина шуруъ аз соли гузашта тамоми китобҳои дарсие, ки барои хонандагони синфҳои аз 1 то 11 пешбинӣ шудаанд, ба таври электронӣ дар сомонаҳои зертобеи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҷой дода шудаанд ва хонандагон метавонанд аз он истифода намоянд”, - гуфт Раҳим Саидзода.
Дар Тоҷикистон аз соли 2009 истифодаи смартфонҳо дар мактабу донишгоҳҳо манъ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш бахши махсуси СММ оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар як гузориши худ ба кишварҳои ҷаҳон тавсия дод, то истифодаи смартфонҳоро дар мактабҳо манъ кунанд.
Ба таъкиди ин созмон истифодаи аз ҳад зиёди технологияҳои иттилоотӣ ба пешрафти хонандагон таъсири манфӣ мерасонад.
Қайд карда мешавад, ки Чин давомнокии истифодаи дастгоҳҳои рақамиро ҳамчун воситаи таълим то 30% вақти умумии таҳсил маҳдуд кардааст. Италия ва ИМА истифодаи баъзе афзорҳо ё шабакаҳои иҷтимоиро дар мактабҳо манъ кардаанд. Камтар аз чоряки кишварҳо истифодаи смартфонҳоро дар мактабҳо манъ кардаанд.
Читайте также
Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine
2 дня назад
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
7 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
7 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
19 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
22 дня назад