Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:0027.04.2026
Дар либоси нозирони бозрасии милитсияи Душанбе камераҳои дар бадан насбшаванда ҷойгир карда мешаванд, ки фаъолият ва муомилаи кормандонро бо шаҳрвандон ба таври доимӣ сабт менамоянд.
Тавре полиси Душанбе, рӯзи 25-уми апрел иттилоъ дод, ин иқдом дар доираи ислоҳоти милитсия ва бо ҳадафи баланд бардоштани шаффофият дар фаъолияти кормандон амалӣ мегардад.
Ба гуфтаи манбаъ, истифодаи чунин технологияҳои муосир ба таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва беҳтар шудани муносибати кормандон бо аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар робита ба ҷорӣ намудани камераҳои назоратӣ, дар ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо барои кормандони бозрасии милитсия омӯзишҳои махсус баргузор карда шуданд. Дар доираи ин барнома, онҳо бо имкониятҳои техникӣ ва тартиби дурусти истифодаи таҷҳизоти нав шинос гардиданд.
Ҳамчунин, дар доираи лоиҳа ба нозирони милитсияи пойтахт 60 адад камераи дар либос насбшаванда супурда шудааст, ки минбаъд ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ истифода хоҳанд шуд.
Тибқи маълумот, ин дастгоҳҳо имкони сабти пайвастаи 24-соата бо сифати баланд ва садоро доранд ва барои кор дар шароити гуногуни обу ҳаво, аз ҷумла намӣ, гармӣ ва сармо мутобиқ гардонида шудаанд.
202 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
2 часов назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
23 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад