Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 13:3212.02.2025
Имматшо Нодирзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар нишасти хабарии 11-уми феврал гуфт, соли 2024 беш аз 613 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар ба ватан баргаштанд. Вале гуфта нашуд, ки чанд нафари онҳо ихроҷ шудаанд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Дар нишасти хабарии Вазорати меҳнат Солеҳа Холмаҳмадзода вазири ин ниҳод низ аз додани омори муҳоҷирон худдорӣ кард.
Ӯ танҳо зикр кард, ки бозгашти муҳоҷирон ба ватан “вобаста аз дигаргуниҳо дар қонунҳои Русия” бештар шуд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Чанде пеш Ҳабибулло Назарзода раиси Агентии авиатсияи гржданӣ дар нишасти хабарӣ гуфт, дар соли 2024 моҳе тақрибан 300-350 нафар шаҳрвандони кишвар аз фурудгоҳҳои Русия ихроҷ шудаанд. Аммо ӯ низ омори мушаххасро пешниҳод накард.
Дар нишасти қаблии вазорати меҳнат Гулнора Ҳасанзода вазири собиқи ин ниҳод гуфта буд, ки танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2024 беш аз 17 ҳазор нафар тоҷикистониён аз Русия ихроҷ шуданд.
Пас аз ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус” дар Русия, ки гумонбарони асосии он шаҳвандони Тоҷикистонанд, чанд қонунҳои зиддимуҳоҷиратӣ дар Русия қабул шуда, тафтишу фишор ва ихроҷи муҳоҷирон, махсусан шаҳрвандони Тоҷикистон афзуд.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад