Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:0513.04.2026
Дар шаҳри Истаравшан боздоштгоҳи муваққатии нав (СИЗО) ба истифода дода шуд. Бино дар ҷамоати деҳоти Зарҳалол дар даромадгоҳи шаҳр ҷойгир буда, бо маблағгузории як соҳибкор, ки фарзандаш дар ин боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешуд, сохта шудааст.
Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, боздоштгоҳи қаблӣ, ки дар маркази шаҳр, дар поёни Қалъаи Муғ ҷойгир буд, беш аз 100 сол пеш бунёд шуда, ба талаботи муосир ҷавобгӯ набуд. Аз ҷумла, намнокии баланд дар бино боиси афзоиши бемориҳо, аз ҷумла сил, миёни боздоштшудагон гардида буд.
Муовини раиси шаҳр Парвизҷон Зафарзода ба Азия-Плюс гуфтааст, ки як соҳибкор пас аз дидани шароити нигаҳдории боздоштшудагон тасмим гирифтааст бинои навро бо тамоми шароити зарурӣ бунёд намояд.
Бинои нав 10 апрел бо иштироки роҳбарони соҳа, аз ҷумла сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва раиси вилояти Суғд мавриди истифода қарор гирифт. Иншоот бо шароити муосир, аз ҷумла фарши гарм ва дигар имкониятҳои зарурӣ муҷаҳҳаз шудааст.
Дар назар аст, ки дар рӯзҳои наздик боздоштшудагон ба бинои нав кӯчонида шаванд. Ба ҷойи боздоштгоҳи кӯҳна бошад, сохтмони бинои баландошёна пешбинӣ шудааст.
Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон фаъолият доранд. Бино ба маълумоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, беш аз 15 ҳазор нафар дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд, аммо омори дақиқи боздоштшудагон дар СИЗО-ҳо дастрас нест.
187 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад