logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Ҳисор мардеро барои таҷовузи духтари бародараш ба 20 соли зиндон маҳкум карданд.

Волидони духтарак ӯро бо амакаш гузошта, ба муҳоҷирати меҳнати рафта будаанд.

Your tj

16:4931.01.2022

Дар Ҳисор мардеро барои таҷовузи духтари бародараш ба 20 соли зиндон маҳкум карданд.

Як мард сокини ноҳияи Ҳисор, дар таҷовузи духтари ноболиғи бародараш муттаҳам дониста ба 20 соли зиндон маҳкум шуд, дар ин бора сомонаи расмии Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар натиҷаи тафтишоти судӣ маълум шудааст, ки Нозимҷон Саминов, духтари бародарашро ки зери парастории ӯ қарор дошт таҷовуз кардааст.

“Номбурда санаи 21 сентябри соли 2021 тахминан соати 17:30 дақиқа дар ҳолати мастӣ, дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Ҳисор, духтари ноболиғи бародараш “С”-ро, ки падару модараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия рафта, фарзанди ноболиғашонро таҳти парастории ӯ гузошта буданд, аз ҳолати оҷизии ноболиғ истифода намуда, ӯро ба ҳуҷраи хобаш дароварда, маҷбуран бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намудааст”, - омаддааст дар хабарномаи Додситонӣ.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Нозимҷон Саминов бо моддаи 138 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтишоти он аз тарафи прокуратураи шаҳри Ҳисор ба анҷом расонида шуда буд, дар Суди Олӣ баррасӣ кард.

Бо қарори суд Саминов тибқи моддаи 138 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияии слоҳии дорои низомаш сахт таъйин намуданд.       

Як моҳ пеш кормандони ВКД - и вилояти Суғд ба гумони таҷовуз ба номуси ноболиғи 13 сола аз Истаравшан, ки дар  натиҷа  ӯ ҳомиладор шуда исқоти ҳамл кардааст, ду мардро дастгир карда буданд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

1 часов назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

22 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ