Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 10:5329.03.2024
Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон духтараки 4-сола ба канали маҳаллӣ афтода, ғарқ шуд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод.
“Ҳодиса 27 март дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ин ноҳия дар натиҷаи беназоратии волидайн рух дод”, - менависад манбаъ.
Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ҷасади духтаракро 28 март соати 08:30-и субҳ дар 550 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса ёфта ва аз об берун оварда, ба наздиконаш супурданд.
Дар робита ба ин, Кумита ба хонавода ва наздикони духтарак изҳори ҳамдардии самимӣ намуда, аз волидон хоҳиш мекунад, ки фарзандони худро доимо зери назорат гиранд. Ин ниҳод қайд мекунад, сабаби асосии марги кӯдакон дар обанборҳо беназоратии волидон аст.
Ин дуюм ҳодисаи ғарқшавии кӯдакон дар обанборҳои кишвар аст, ки дар моҳи ҷорӣ ба қайд гирифта шудааст. Қаблан, рӯзи 12 март дар ноҳияи Лахш писарбачаи 8-сола ба дарё афтида, ғарқ шуд.
Инчунин, рӯзи 12 март ҷасади Сафияхон Раҳматоваи 9-соларо баъди беш аз як моҳи нопадид шудан аз дарёи Сир дар ҳудуди Узбекистон дар натиҷаи амалиёти муштараки наҷотдиҳандагони Тоҷикистону Узбекситон пайдо карданд. Ӯ 7 феврал нопадид шуда буд.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
32 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад