Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 11:5904.06.2025
Мақомоти шаҳри Душанбе ба муносибати Иди Қурбон, ки имсол дар Тоҷикистон 6-уми июн ҷашн гирифта мешавад, дар ҳар як ноҳияи пойтахт ҷойҳои махсус барои забҳи чорво муайян карданд.
Дар ноҳияи Шоҳмансур макони забҳи чорво дар маҳаллаи Бадахшон-2, кӯчаи Шукуҳӣ 44 муайян шудааст.
Ҳамчунин, дар ҳамин ноҳия ҷойҳои дигар барои забҳ дар маҳаллаҳои Ховарон — Теппаҳои Шарқӣ (минтақаи 7), Чиноро-1 (кӯчаи Назаршоев, 374), бозори “Ховарон” (кӯчаи Айни, 259, 7 км), инчунин маҳаллаҳои Фалакон, Қуштеппа, Яккатут ва Чилмеҳроб муайян шудаанд.
Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорворо метавон дар кӯчаи Кахҳоров, назди корхонаи “Шири Саодат”, дар маҳаллаи Гулбутта, инчунин дар микроноҳияҳои 63 (кӯчаи Фирдавсӣ, 99), 65 (Фирдавсӣ, 35), 46 (Деҳотӣ, 3) ва маҳаллаи Крупский забҳ кард.
Дар ноҳияи Сино забҳи чорво дар маҳаллаҳои Пахтакор (кӯчаи Пахтакор, 70), Борбад (Тургенев, 29), Роҳи нав (Набиев, 292/2), Ҳаёти нав (хонаҳои 74 ва 313), Деҳаи боло (200), Камонгарон (Хувайдуллоев, 252), Ҳисорак, Панҷрӯд (125), Навободи боло (79), Ҳамадонӣ, Деҳи боло (222), Испечак-1 (назди сафорати ИМА дар Тоҷикистон), Шодоб (153) ва Лучоби боло (82) иҷозат дода шудааст.
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бошад, чорворо метавон дар маҳаллаи Ҳ. Назаров 149 (кӯчаи Сабоҳ), Шафақ (Хучамбиёи поён, 121), Нодира (Нодира, 52), Варзоб ГЭС (Деҳнаваки поён) ва Чашмасор (И. Соатов, 36) забҳ кард.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2007 то 2017 дар Душанбе забҳи чорво манъ буд. Танҳо баъди ба вазифаи шаҳрдор таъйин шудани Рустами Эмомалӣ дар соли 2017, забҳ ба муносибати Иди Қурбон дар ҷойҳои махсус иҷозат дода шуд.
Имсол Иди Қурбон дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 6-уми июн таҷлил мешавад. Намози ид соати 5:45 субҳ дар масҷидҳои кишвар оғоз мегардад.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
33 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад