logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Душанбе ниммарафони байналмилалӣ баргузор мешавад

Гуфта мешавад, барои баргузории ниммарафон аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт беш аз 590 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Your tj

14:0611.04.2025

Дар Душанбе ниммарафони байналмилалӣ баргузор мешавад

Дар шаҳри Душанбе 19-уми апрел бахшида ба Рӯзи пойтахт ниммарафони XV байналмилалӣ баргузор мегардад. Дар он варзишгарон аз давлатҳои минтақа ва ҷаҳон низ иштирок менамоянд, хабар дод АМИТ “Ховар”.

Гуфта мешавад, барои баргузории ниммарафон аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт беш аз 590 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Ғолибон байни мардон ва занон бо чунин ҷоизаҳои пулӣ сарфароз мегарданд:

  • 38 ҳазору 500 сомонӣ – ҷойи 1-ум;
  • 33 ҳазор сомонӣ – ҷойи 2-юм;
  • 27 ҳазору 500 сомонӣ – ҷойи 3-юм;
  • 16 ҳазор сомонӣ – ҷойи 4-ум;
  • 14 ҳазору 800 сомонӣ – ҷойи 5-ум;
  • 11 ҳазору 500 сомонӣ – ҷойи 6-ум.

Варзишгарони ҳаваскор, ки ба масофаи 5 км медаванд, бо:

  • 7 ҳазору 700 сомонӣ – ҷойи 1-ум;
  • 5 ҳазору 500 сомонӣ – ҷойи 2-юм;
  • 3 ҳазору 300 сомонӣ – ҷойи 3-юм қадрдонӣ карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, масофаи ниммарафони 21 километру 97,5 метр аст ва он аз шоҳроҳи назди “Наврӯзгоҳ” оғоз шуда, дар майдони Дӯстӣ, назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ба поён мерасад.

Бояд гуфт, ки ниммарафони байналмилалии Душанбе аз соли 2014 ба тақвими мусобиқаи Созмони байналмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур дохил шудааст.

Танҳо соли 2020 ниммарафони байналмилалии Душанбе бо сабаби хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон баргузор нашуд.

Натиҷаи беҳтарини варзишгарони тоҷик дар чордаҳ даври ниммарафони байналмилалии Душанбе ҷойи 2-юм байни занон ва ҷойи 4-ум байни мардон мебошад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

1 часов назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

22 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ