logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Душанбе кандани панҷараҳои тирезаҳо оғоз шуд

Сокинони пойтахт мегӯянд, онҳо тирезаҳои худро барои амнияти фарзандони худ ва пешгирӣ аз дуздону ғоратгарон панҷарапӯш кардаанд.

Your tj

10:4421.02.2025

Дар Душанбе кандани панҷараҳои тирезаҳо оғоз шуд

Нашрияи “Паёми Душанбе” дар ин бора бо нашри чанд акс дар “Фейсбук” хабар дод.

Чанде пеш дар нишасти ҳукумати шаҳр гуфта буданд, ки панҷараҳоро тирезаҳои ҳамаи биноҳои шаҳри Душанберо мекананд.

Сабаби кандани панҷараҳоро масъулони шаҳрдорӣ гуфта буданд, ки “ҳусни шаҳрро коста мегардонанд ва ба меъёрҳои меъмории муосир ҷавобгӯ нестанд”.

“Бартарафсозии панҷараҳои худсоз дар намои асосии биноҳои истиқоматӣ дар кӯчаи с. айнӣ 64 д ва 64 е - и ноҳияи Шоҳмансур”, - навиштааст нашрияи шаҳрӣ.

Дар аксҳо дида мешавад, ки чанд нафар бо либоси ҳарбӣ ба кандани панҷараҳои тирезаҳо машғуланд.

Сокинони пойтахт дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин тасмим изҳори нигаронӣ карда, мегӯянд, онҳо тирезаҳои худро барои амнияти фарзандони худ ва пешгирӣ аз дуздону ғоратгарон панҷарапӯш кардаанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine

16 часов назад

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

5 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

5 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

17 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ