Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:3913.07.2023
Дар Душанбе рӯзҳои 15-16-уми июл ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад. Вазорати кишоварзӣ хабар медиҳад, ки дар ин ярмаркаҳо маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбатан арзон аз бозор фурӯхта мешавад.
15-уми июл дар Боғи “Хайём” маҳсулоти кишоварзони Панҷакент, дар “Боғи кӯдакон” маҳсулоти кишоварзони Ашт ва дар боғи “Куруши Кабир” маҳсулоти деҳқонони шаҳри Норак ба намоишу фурӯш гузошта мешавад.
16-уми июл дар “Боғи Ирам” кишоварзони шаҳри Исфара, дар боғи “Кӯли ҷавонон” кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови ва дар боғи “Алишери Навоӣ” кишоварзони ноҳияи Хуросон маҳсулотҳои худро ба фурӯш мегузоранд.
Нархи 1 кг картошка 4-4,50 сомонӣ, пиёз 1,80-2 сомонӣ, сабзӣ 3 сомонӣ, 1 кг гӯшти гов 55 сомонӣ, 30 дона тухм 27 сомонӣ, мева аз 2 то 5 сомонӣ, 1 дона тарбуз 10-12 сомонӣ, 5 литр равған 65 сомонӣ ва як халта орд (50 кг) – 210 сомонӣ муайян шудааст.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
19 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад