Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дар ду сол дар Тоҷикистон 328 оила аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойи бехавф кӯчонида шудаанд
Дата публикации: 15:2014.01.2026
Тибқи «Нақшаи миёнамуҳлати кӯчонидани муташаккилонаи муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2024–2026» сокинон аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонида мешаванд.
Дар соли 2025 аз мавзеъҳои хавфнок 174 хоҷагӣ ба минтақаҳои амн кӯчонида шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо такя ба иттилои сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Ҷамшед Камолзода.
Соли 2024 бошад, 154 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехавя кӯчонида шудаааст. Ба гуфтаи Камолзода, кӯчонидани аҳолӣ яке аз самтҳои калидии корҳои пешгирикунандаи офатҳои табиӣ мебошад.
«Барои ин дар назди кумита гурӯҳҳои махсуси корӣ фаъоланд, ки бо ҷалби мутахассисони муҳандисӣ ва геология ҳолати манзилҳоро арзёбӣ намуда, тавсияҳои техникӣ пешниҳод мекунанд», - гуфтааст ӯ.
Ҳамзамон зикр шуд, ки дар кишвар «Стратегияи миллии паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2034» амалӣ мегардад. Тибқи ин санад, дар Тоҷикистон бештар сел, заминларза ва тармафароӣ ба қайд гирифта мешаванд ва заминларза аз лиҳози ҳаҷми хисорот хатарноктарин арзёбӣ мегардад.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, соли 2025 дар кишвар 287 ҳолати фавқулода сабт шуда, аз онҳо 12 ҳолат офатҳои табиӣ будааст. Ҳаҷми умумии зарар беш аз 20 миллион сомониро ташкил додааст.
Барои пешгирии оқибатҳои селу обхезиҳо соли 2025 аз буҷети давлатӣ беш аз 28 миллион сомонӣ ҷудо гардида, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар беш аз 20 шаҳру ноҳияи осебпазир анҷом дода шудаанд.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
36 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад