logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар ду ноҳияи шаҳри Душанбе барқ қатъ мешавад

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳаҷми корҳои техникӣ, эҳтимол аст, ки интиқоли барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда барқарор карда шавад.

Your tj

09:2211.03.2025

Дар ду ноҳияи шаҳри Душанбе барқ қатъ мешавад

Имрӯз, 11 март аз соати 08:00 то 18:00 дар як қисми кӯчаҳои ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе қувваи барқ муваққатан қатъ мегардад, хабар медиҳад филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар пойтахт.

Ба иттилои манбаъ, бинобар сабаби насби таҷҳизоти нав дар доираи лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетика” барқро хомӯш мекунанд.

Ҳамин тариқ, дар кӯчаҳои зерини пойтахт барои чанд соат барқ намешавад:

Ноҳияи Шоҳмансур

  • Кӯчаҳои: Рӯдакӣ 29/9 (Бинои Ватан), Рӯдакӣ 15/1, Рӯдакӣ 11, Фурудгоҳ 18, Мавлоно 245, Мастонгулов 30, Аэропорт 5, Мастогулов 38/1, Мастогулов 38, Айни 51/1, Айни 16 (Блоки А), Айни 215.

Ноҳияи Фирдавсӣ

  • Кӯчаҳои: Н.Қарабоев 53, Н.Қарабоев 28/1, Н.Қарабоев 92/2 (Блоки 3), Крупский 3, Н.Қарабоев 4 (гузари 1), Гравзавод 1-А, Н.Қарабоев 138-Б, Фирдавсӣ 5/13, Шоҳтемур 25, Гравзавод 2-А, Борбад 80, Каҳоров 135, 50-солагии Тоҷикистон 11, Борбад 66, Борбад 72, 50-солагии Тоҷикистон 7, Борбад 48/15, Борбад 92, Деҳоти 9/4, Борбад 54, Борбад 56, Гравзавод 3, Борбад 58, Борбад 102, Борбад 50/3, Ҳусейнзода 10/1, 12 (ТП-3521), 343/2, Н.Қарабоев 89/1 (2).

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳаҷми корҳои техникӣ, эҳтимол аст, ки интиқоли барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда барқарор карда шавад.

Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” аз шаҳрвандон барои нороҳатии муваққатӣ узрхоҳӣ намуда, барои ҳамкорӣ миннатдорӣ изҳор менамояд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

20 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ