logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Чӣ тавр аз Эрон берун шудан мумкин? Сафорати Тоҷикистон шарҳ дод

Сафорат тавсия додааст, ки шаҳрвандон аз гузаргоҳҳои “Боҷгирон” (марзи Эрону Туркманистон) ва “Астара” (марзи Эрону Озарбойҷон) истифода кунанд.

Your tj

13:0018.06.2025

Чӣ тавр аз Эрон берун шудан мумкин? Сафорати Тоҷикистон шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз панҷ рӯзи даргириҳо миёни Эрону Исроил аз шаҳрвандони кишвар даъват кардааст, ки барои баромадан аз Эрон аз гузаргоҳҳои марзии Туркманистон ва Озарбойҷон истифода баранд.

Шоми 17 июн, сафорат бо нашри иттилоияе тавсия додааст, ки шаҳрвандон аз гузаргоҳҳои “Боҷгирон” (марзи Эрону Туркманистон) ва “Астара” (марзи Эрону Озарбойҷон) истифода кунанд.

Бинои Сафорати Тоҷикистон дар Эрон

Ба навиштаи ин ниҳоди дипломатӣ, барои расонидани кӯмак ба шаҳрвандон ситоди шабонарӯзии навбатдорӣ таъсис дода шудааст ва тамоми ҳамоҳангиҳои зарурӣ бо мақомоти марбутаи Эрон, Туркманистон ва Озарбойҷонро худи сафорат анҷом хоҳад дод.

Шаҳрвандоне, ки мехоҳанд Эронро тарк кунанд, метавонанд тавассути телефонҳои: +982122299584, +982122834650, +989334297865, +989304334234, +989104519815, +989367903297 бо сафорат дар тамос шуда, бо почтаи электронии: [email protected] нусхаи шиноснома ва рақами тамоси мобилии худро пешниҳод намоянд.

Ба гуфтаи сафир Низомиддин Зоҳидӣ, баргашт ба Ватан ихтиёрӣ аст ва ҳеҷ касро маҷбур нанамудаанд, ки хоки Эронро тарк кунад. Ба иттилои ӯ, то ҳол 30 шаҳрванди Тоҷикистон Эронро тарк кардаанд ва беш аз 100 нафар барои сафар омода мешаванд.

Акс: report.az

Дар ҳамин ҳол, бинобар баста шудани фазои ҳавоии Эрон, парвозҳои Somon Air ва Varesh Airline аз Душанбе ба Теҳрону Машҳад муваққатан лағв гардидаанд.

Исроил бомдоди 13-уми июн ба хоки Эрон бо мушаку бесарнишинҳо ҳуҷум кард. Эрон дар посух ба ин шаби 14-уми июн бо мушакҳои болистикӣ минтақаҳои гуногуни Исроилро ҳадаф гирифт.

Даргирӣ байни Эрон ва Исроил рӯзи шашум низ идома дорад ва то кунун садҳо қурбонӣ ва ҳазорон маҷруҳ бар ҷой гузоштааст. Ҳамлаҳои мушакии дуҷониба боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳдиди вусъати буҳрони минтақа гардидааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

19 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ