Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:0521.06.2023
Сокини ноҳияи Б.Ғафуров, Дилдора Холмирзоеваи 33-сола ба фурӯши фарзанди худ гумонбар ва боздошт гардидааст, омадааст дар гузориши барномаи ВКД “Пайки Суғд”.
Зан муваққатан дар шаҳри Бӯстон иқомат дошта, соҳиби ду фарзанди хурдсол ва феълан ба фарзанди сеюмаш ҳомиладор будааст.
“Ӯ қасди фурӯхтани яке аз кӯдакон – духтари сесолааш ба маблағи 5 ҳазор сомониро дошт. Муомилот рӯзи 10 июн, дар рӯзи зодрӯзи духтарчааш муайян шуда буд. Ба Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД дар вилояти Суғд дар бораи ин кори Холмирзоева маълумоти боэътимоди расид. Дар натиҷа, вай дар рӯзи содир кардани ҷиноят дастгир карда шуд”,- хабар медиҳад ВКД.
Худи Холмирзоева ҳангоми бозпурсӣ барои сафед кардани худаш мегӯяд, ки "ба сабаби камбизоатӣ" ба ин кор даст задааст.
Нисбати Дилдора Холмирзоева бар асоси моддаи 167-и Кодекси ҷиноиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (хариду фурӯши кӯдакон) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Дар ин модда ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба мҳлати аз 5 то 8 сол пешбинӣ шудааст.
Читайте также
Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine
8 часов назад
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
5 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
5 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
17 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
20 дня назад