logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Боздошти марде, ки дар бозори Панҷакент ба духтараки 7-сола корд зад

Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 32 ва қисми 2 моддаи 104 Кодекси ҷиноятӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Your tj

10:0824.02.2025

Боздошти марде, ки дар бозори Панҷакент ба духтараки 7-сола корд зад

Вазорати корҳои дохилӣ аз дастгир шудани марде хабар дод, ки як духтараки хурдсолро дар бозори шаҳри Панҷакент корд зада буд. Ӯ бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир гардидааст.

Ин ҳодиса дар камераҳои назоратӣ сабт шуда, ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд.

Ба навиштаи ВКД, гумонбаршаванда марди 53-сола сокини шаҳри Панҷакент будааст. Ному насаби дастгиршуда ошкор нашудааст.

Ҳодиса рӯзи 16-уми феврал, тахминан соати 10:30, дар дохили бозори марказии шаҳри Панҷакент рух додааст.
Гуфта мешавад, гумонбаршаванда дар ҳолати мастӣ, бо корд як маротиба дар қисмати шикам духтарбачаи 7-солаи сокини шаҳри Панҷакент зарба задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, дастгиршуда қаблан соли 2009 бо моддаҳои 138, 139 ва 120 Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст.

Ин навбат ӯ бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир гардидааст.

Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 32 ва қисми 2 моддаи 104 Кодекси ҷиноятӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад, менависад ВКД.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine

16 часов назад

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

5 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

5 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

17 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ