Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:0122.01.2026
Як зани 34-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони савдои тифли 8-моҳааш бар ивази 100 ҳазор сомонӣ дастгир шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар барномаи "Ахбори ВКД" рӯзи 21-уми январ гузориш дод.
Ба иттилои ВКД, гумонбар Зуҳрохон Розиқова, сокини деҳаи Турдиев рӯзи 18-уми январ ҳангоми гирифтани маблағ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт гардидааст.
Мақомот алайҳи ин зан бо моддаи 167 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (савдои кӯдакон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ин банди қонун, дар сурати исботи гуноҳ, ҳадди ақал 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Назари худи гумонбар дастрас нест ва ангезаҳои даст задани ӯ ба ин амал шарҳ дода нашудаанд.
ВКД ҳамчунин ҷузъиёти мушаххасе дар бораи тақдири минбаъдаи кӯдак пешниҳод накардааст. Дар гузориши расмӣ танҳо зикр мешавад, ки «тифли 8-моҳа ба ояндаи нек таъмин шудааст».
Ёдовар мешавем, ки чунин ҷиноятҳо дар кишвар қаблан низ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла, тобистони соли гузашта дар вилояти Суғд як зан бо гумони қасди фурӯши духтари хурдсолаш бар ивази 14 ҳазору 800 сомонӣ ва як манзили истиқоматӣ боздошт шуда буд. Ҳамчунин соли 2024 як сокини 26-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иттиҳоми кӯдакфурӯшӣ дастгир гардид. Дар бораи натиҷаи ниҳоии баррасии ин парвандаҳо маълумоти расмӣ ироа нашудааст.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад