logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Боздошти як сокини Рӯдакӣ барои "шантаж"-и духтарон

Аз телефони мобилии гумонбар навор ва аксҳои ҷавондухтарон пайдо шудааст, ки бо роҳи фиреб ба даст омада ва барои иҷрои ҳадафҳои ғаразнок истифода мешуданд.

Your tj

13:1824.10.2025

Боздошти як сокини Рӯдакӣ барои "шантаж"-и духтарон

Милитсияи шаҳри Душанбе Абдулло Азамзода, сокини 35-солаи ноҳияи Рӯдакиро бо гумони содир намудани ҷиноятҳои ахлоқӣ дастгир кардааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда бо роҳи фиреб ҷавондухтаронро ба худ моил намуда, бо истифода аз расмҳои маҳрамона онҳоро ба истилоҳ «шантаж» мекард ва барои анҷоми амалҳои шаҳвонӣ маҷбур менамуд.

Дар натиҷаи санҷиш аз телефони мобилии Азамзода Абдулло миқдори зиёди навор ва аксҳои ҷавондухтарон пайдо шудааст, ки бо роҳи фиреб ба даст омада ва барои иҷрои ҳадафҳои ғаразнок истифода мешуданд. Ин маводҳо ҳамчун далели собиткунандаи ҷиноятӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбар маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, таҳқиқоти пешакӣ идома дорад.

Шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии номбурда ҷабр дидаанд, метавонанд тавассути рақами телефони (+992) 018020202 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine

8 часов назад

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

5 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

5 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

17 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ