logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Боздошти як сокини Душанбе бо гумони куштани ҳамсараш

Гуфта мешавад, гумонбаршаванда ҳамсарашро латукӯби карда, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст ва ӯ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Your tj

16:4519.06.2025

Боздошти як сокини Душанбе бо гумони куштани ҳамсараш

Сокини 33-солаи шаҳри Душанбе, Самандари Раҳимзод бо гумони куштани ҳамсараш дастгир шудааст. Раёсати ВКД дар пойтахт менависад, номбурда дар содир намудани ҷинояти махсусан вазнин гумонбар аст.

Ба иттилои манбаъ, ӯ бо ҳамсараш Ҷамилаи Ш. “муносибатҳои носолим” дошта, мунтазам муноқиша мекардааст.

“13 июни соли ҷорӣ низ байни онҳо нофаҳмӣ ба миён омада, аз рӯи хусумату бадбинӣ Самандари Р. ҳамсарашро мавриди латукӯби шадид қарор дода, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст. Дар натиҷа ҷабрдида дар беморхона ба ҳалокат расид”,- менависад милитсияи пойтахт.

Назари шахси дастгиршуда дар бораи ин иттиҳом дастрас нест.

Гуфта мешавад, нисбати Самандари Раҳимзод бо моддаи 110 қисми 3  Кодекси ҷиноятӣ (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Тибқи ин банди қонун, ӯро ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ таҳдид мекунад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine

16 часов назад

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

5 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

5 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

17 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ