Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:1618.08.2023
Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки 11 сол сол боз бо иттиҳоми қочоқи ғайриқонунии миқдори махсусан калони маводи мухаддир дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар Москва боздошт гардидааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД Русия имрӯз, 18-уми август хабар дод.
Комрон Сафаралиев 12 сол инҷониб мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт.
Дар натиҷаи амалиёти бюрои марказии миллии Интерпол-и Вазорати корҳои дохилии Русия ҳамроҳ бо ҳамкорони Раёсати кофтукови ҷиноятии Москва дар ҳудуди пойтахт дастгир шудааст.
Ба иттилои манбаъ, Сафаралиев ба қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ба миқдори махсусан калон муттаҳам мешавад.
“Тибқи иттилои ҷониби Тоҷикистон, моҳи июли соли 2012 дар вилояти Хатлон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуданд. Ҳангоме кӯшиши маъмурони интизомӣ барои тафтиши мошини ронандаи айбдоршаванда, ба Сафаралиев муяссар шуд, ки гурехта, пинҳон шавад. Баъдан мошини ӯ дарёфт карда шуд, ки дар дохили он ба миқдори беш аз 61 кг марихуана пинҳон карда шудааст”,- омадааст дар иттилоияи ВКД Русия.
Дар ҳоли ҳозир масъалаи истирдоди боздоштшуда ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
19 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад