logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Боздошти як мард бо гумони зӯроварии шаҳвонӣ нисбати ноболиғон

Гуфта мешавад, тафтишоти пешакӣ ва санҷиши камераҳои назоратӣ, даст доштани гумонбаршавандаро дар се ҳолати ҷиноятҳои мазкур собит намуд

Your tj

10:1317.04.2025

Боздошти як мард бо гумони зӯроварии шаҳвонӣ нисбати ноболиғон

Як марди 52-сола сокини ноҳияи Ванҷ бо гумони зӯроварии шаҳвонӣ нисбати ноболиғон дастгир шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Ҳокимов Н. Дар иҷрои "ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ" нисбати кӯдакони ноболиғ гумонбар дониста мешавад.

Гуфта мешавад, номбурда ин амалҳоро дар ҳудуди шаҳри Душанбе анҷом додааст.

“Тафтишоти пешакӣ ва санҷиши камераҳои назоратӣ, даст доштани гумонбаршавандаро дар се ҳолати ҷиноятҳои мазкур собит намуд”,- менависад милитсияи пойтахт.

Манбаъ хабар медиҳад, ки нисбати дастгиршуда бо моддаи 139 қисми 4-и Кодекси ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Агар тибқи ин банди қонун ҷиноят исбот шавад, шахси гумонбарро аз 20 то 25 сол ҷазои зиндон таҳдид мекунад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

36 минут назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

21 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ