logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Боздошти як афсар ва сарбоз барои марги наваскар

Вақти супоридани ҷасади сарбоз ба волидонаш гуфта буданд "дар долон афтод ва мурд".

Your tj

11:2623.08.2023

Боздошти як афсар ва сарбоз барои марги наваскар

Вобаста ба парвандаи марги наваскар Абубакри Ҳусейнзода ду нафар - як афсар ва сарбози қисми низомии 0201-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ боздошт шуданд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Абубакр Ҳусейнзодаи 22-сола рӯзи 4-уми август дар шароити номаълум ба ҳалокат расид.

Прокуратураи ҳарбии вилояти Суғд хабар дод, ки дар доираи тафтиши марги сарбози ҷавон, афсар ва сарбози қисми низомии 0201-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шудааст.

Онҳо ба қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва вайрон кардани оинномаи муносибатҳои байни хизматчиёни ҳарбӣ муттаҳам мешаванд. Ба боздоштшудагон то 17 соли зиндон таҳдид мекунад. Дар бораи рутба ва мансаби афсар ва марзбони боздоштшуда иттилоъ дода нашудааст.

Муфаттиши прокуратураи ҳарбии вилояти Суғд рӯзи 22 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, феълан тафтишоти пешакӣ идома дорад ва аз ин рӯ, маълумот дар бораи ин қазия ва ному насаби боздоштшудаҳо ифшо намешавад, то ба тафтишот халал нарасонад.

Ҷасади Абубакр Ҳусейнзодаи 22-сола рӯзи 5 август ба волидонаш супурда шуд. Худи ҳамон рӯз ҷавонро дар қабристони деҳаи Овчи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ба хок супурданд

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine

16 часов назад

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

5 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

5 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

17 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ