Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:3205.09.2023
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду нафар зане хабар дод, ки бо ҷурми авбошӣ дастгир шудаанд.
Кормандони ВКД нахуст зани 31-сола ва ҷавони 21-солаи сокинони шаҳри Душанберо бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карданд.
“Гумонбаршавандагон дар кӯчаи Зарафшони пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ бо якдигар муноқиша намуда, сипас зани 31-сола бо корд як маротиба ба қафаси синаи ҷавони 21-сола задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - иттилоъ медиҳад ВКД.
Инчунин кормандони милитсия зани 35-сола ва марди 33-солаи сокинони пойтахтро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир кардаанд.
Гумонбарон дар хонаи истиқоматиашон бо ҳамдигар ҷанҷол намуда, аз ҳиссиёти авбошӣ якдигарро зери лату кӯб қарор дода, зани 35-сола бо корд як маротиба ба қафаси синаи марди 33-сола задааст.
Ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Мақомот аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишотро идома медиҳанд.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
32 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад